Моддаи нави «Шиканҷа» дар Кодекси ҷиноӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии кишвар»-ро маъқул донист. Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки тағйироти асосӣ ба тавсияҳои СММ ҷиҳати ба мутобиқат овардани қонунгузорӣ бо Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии кишвар»-ро маъқул донист.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки тағйироти асосӣ ба тавсияҳои СММ ҷиҳати ба мутобиқат овардани қонунгузорӣ бо Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф марбут аст.

«Дар бораи масъулият доштан ҳангоми истифодаи шиканҷа дар бисёр моддаҳои КҶ сухан рафтааст, вале дар кодекс моддаи алоҳида оид ба шиканҷа вуҷуд надорад ва ин боиси интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ шудааст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Ш.Салимзода, дар лоиҳаи пешниҳодшуда моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» пешбинӣ гардида, ҷазо барои истифодаи он аз 2 то 5 сол ва зимни такроран ба чунин ҷиноят даст задан аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амволро ташкил медиҳад.

«Соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ворид шуд, ки дар 13 ҳолат онҳо тасдиқи худро ёфтанд. Соли гузашта бошад, 26 чунин арзу шикоят ворид гардида, дар 5 ҳолат тасдиқ шуданд», – таъкид кард номбурда.

Ба андешаи вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ, асосан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои афзудани фоизи ошкоршавии ҷиноят нисбат ба боздоштшудагон шиканҷаро истифода мекунанд. «Агар дар кишварҳои рушдёфта фоизи ошкоркунии ҷиноят то 50%-ро ташкил диҳад, дар мо он қариб ба 100% баробар аст. Дар мо то ҳанӯз менталитети шӯравӣ, яъне ҳатман ошкор кардани ҷиноят боқӣ мондааст», – гуфт Кабирӣ ва афзуд, ки дар Тоҷикистон бознигарии низоми тафтишот зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.