Муаррифии дастурамали «Ташкили кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон»

Date:


Нимаи дуюми имрӯз дар толори конфронсии Маркази тиҷоратии «Вафо» Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ муаррифии дастурамали «Ташкили кори иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаҳои Бунёдро оид ба масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор мекунад.

Тавре аз ташкилоти мазкур хабар доданд, соли 2011 барномаи «Худидораи маҳаллӣ»-и ИҶК- БМ дар шарикӣ бо СҶ «Маркази таҳсилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушд» ба амалӣ кардани лоиҳаи таҳияи дастурамал барои кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳалҳо шурӯъ карданд. Дастури мазкур тафсири пурраи пардохту кӯмакпулиҳои иҷтимоии мавҷударо бо замимаи намунаи хуҷҷатҳо, ки шаҳрвандон ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми ба расмият даровардан, хонапурӣ мекунанд, фаро гирифта, ба забони тоҷикию русӣ ба табъ расидааст. Китоби мазкур феълан дар ҷумҳурӣ ягона дастурест, ки тафсири ҳамаи пардохтҳоро дар бар мегирад. Дастур таҳти машварати муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, номзади улуми иқтисод Сангинов Э. Н. таҳия гардида, ба он коршиноси хориҷӣ, доктори улуми педагогӣ, профессор, раиси Ассосиатсияи омӯзгорон ва кормандони ҳифзи иҷтимоии Украина Зверова И. Д. тақриз навиштааст.

Дастур на танҳо барои мутахассисон, балки барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва ҳамаи шавқмандон пешбинӣ шудааст. Китоби мазкур бо теъдоди 700 нусха ва 100 нусхаи электронӣ дар формати CD чоп шуда, дар байни кормандони ҳифзи иҷтимоии зинаҳои гуногуни мақамоти маҳаллии ҳукумат ва китобхонаҳои макотиби олӣ паҳн карда шуд. Қаринаи электронии дастурро аз сомонаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи пажӯҳишгоҳи вазорати мазкур (www.niitruda.tj) дастрас кардан мумкин аст.

Ҳамчунин ҳангоми чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои лоиҳаҳои амалӣ кардаи барномаҳои «Дастгирии таҳсилоти олӣ», «Таҳсилоти миёна», барномаҳои бахши «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и ИҶК-БМ, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таъсиси кафедраи ҳифзи иҷтимоӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Таъсиси Ассосиатсияи кормандони ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон» сурат мегиранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...