Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мубориза бо шиканҷа даъват мекунад

Намояндагони сохторҳои давлатӣ дар маросими муаррифии Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки рӯзи ҷумъа, 2-юми март дар Душанбе баргузор шуд, иштирок карданд. Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) оид ба мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон созмон дода шуд, намояндагони Суди олӣ ва […]

Тимур Нигматов


Намояндагони сохторҳои давлатӣ дар маросими муаррифии Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки рӯзи ҷумъа, 2-юми март дар Душанбе баргузор шуд, иштирок карданд.

Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) оид ба мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон созмон дода шуд, намояндагони Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия ва мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар идораҳои давлатӣ ва ҳамчунин созмонҳои ҷамъиятиву ВАО иштирок карданд.

Дар оғози маросими муаррифӣ Нигина Баҳриева, роҳбари фонди ҷамъиятии «Нотабене» хотиррасон намуд, ки ҳадафи аслии стратегия муттаҳид кардани кӯшишу талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ баҳри мубориза бо истифодаи шиканҷа ва беҷазо мондани гунаҳкорон дар ин амал аст.

«Танҳо бо кӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатии ҷудогона наметавон низомро тағйир дод. То ҳамон андозае, ки талаботи ҳар як инсон бештар бошад, ҳамон қадр масъулияти шаҳрвандии аъзои ҷудогонаи ҷомеа ба ҳифзи манфиатҳои онҳо зиёдтар гардида, мақомоти давлатӣ ба риояи ин меъёрҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд намуд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, дар чаҳорчӯби Эътилоф як қатор сохторҳои ғайрирасмӣ – маркази кӯмаки ҳуқуқӣ ва амалӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ҳамчунин марказҳои мониторингу таҳлил ва медиа-марказҳо таъсис дода мешаванд, ки кори комплексӣ дар бахши пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷаро таъмин месозанд.

Роҳбари Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар шарҳи ин масъала гуфт, қумаки ҳуқуқии амалӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа тавассути қабулгоҳҳои умумӣ ва махсуси ҳуқуқӣ расонида мешавад.

«Дар он ҷо ба мизоҷон машваратҳои хаттӣ ва шифоҳӣ пешниҳод гардида, дар баъзе ҳолатҳо онҳо ба таври ройгон бо вакилони мудофеъ таъмин карда мешаванд, – гуфт ӯ. – Ҳамчунин мо дар Тоҷикистон таҷрибаи мурофиаи стратегии судиро, ки дар бисёр кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди амал қарор дорад, истифода карданием, ки ба он иштироки мо дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи Шодиев мисол шуда метавонад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.