Ривоҷи минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Норвегия дар бахши энергетика

Date:


Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Даг М. Халворсен баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, муайян намудани имкониятҳо доир ба амалигардонии лоиҳа оид ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия аз 29 апрели соли 2010 ба имзо расидааст. Ҳамчунин дар доираи тафоҳумнома Маркази Тоҷикистону Норвегия ва Комиссияи байниидоравӣ ташкил дода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...