Алтернативаи ташкилоти ҷавонони ҲХДТ ба Фейсбук

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет торнамои ба Фейсбук монанди худро боз карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов хабар дод, чанде қабл пас аз вохӯрии ҷавонони фаъоли ҲХДТ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди узвияти Тоҷикистон дар СММ чунин тасмим гирифта шудааст. […]

Аваз Юлдошев


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет торнамои ба Фейсбук монанди худро боз карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов хабар дод, чанде қабл пас аз вохӯрии ҷавонони фаъоли ҲХДТ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди узвияти Тоҷикистон дар СММ чунин тасмим гирифта шудааст.

«Чунин ташаббус аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва кормандони Маркази технологияҳои инноватсионии ин донишгоҳ сурат ирифт ва мо онро дастгирӣ намудем», – таъкид кард Мирсаидов.

Ба андешаи номбурда, ин сомона бояд ҷавонони тоҷики дохил ва хориҷи кишварро баҳри шукуфоии ватан муттаҳид созад.

«Дар сомонаи зикршуда ба масоили идеал ва арзишҳои миллии халқи тоҷик афзалият дода шуда, бигзор он ҳамчун майдони табодули афкори ҷавонони тоҷик хизмат намояд», – зикр кард А.Мирсаидов.

Ба қавли раиси ташкилот, аллакай корҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди сомонаи мазкур оғоз гардидаанд.

Ёдрас мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 8 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.