Баррасии масоили роҳандозии муҳоҷирати кории тоҷикон ба Қатар


Чанде қабл дар шаҳри Доҳа мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар (қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов бо вазири умури дохилии Қатар Абдулло ибн Носир ибн Халиф Ал Танӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуда, идомаи гуфтушунид дар бораи масоили содда гардонидани гирифтани раводиди Қатар барои шаҳрвандони тоҷикро тасдиқ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное