Иштироки раисони шаҳру навоҳӣ дар машқҳои таълимии Вазорати мудофиа

Раисони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба машқҳои таълимии аз ҷониби Вазорати мудофиаи кишвар созмонёфта ҷалб карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, машқҳо аз 10 то 12-уми март дар қаламрави гарнизонҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон баргузор шуда, дар […]

Аваз Юлдошев


Раисони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба машқҳои таълимии аз ҷониби Вазорати мудофиаи кишвар созмонёфта ҷалб карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, машқҳо аз 10 то 12-уми март дар қаламрави гарнизонҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон баргузор шуда, дар онҳо масоили сафарбарсозӣ ва ташкили мудофиаи қаламрав мавриди тамрину омӯзиш қарор гирифтанд.

Машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро барои раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ кормандони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои зудамали Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар доир намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.