Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Каунтерпарт Интернэшнл силсилаи аввалини машғулиятҳои баъдидарсиро барои ҷавонон дар доираи Барномаи ҷавонони пешсаф дар водиҳои Зарафшон, Рашт ва ВМКБ оғоз намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барнома дар ҳамкории зич бо мақомотҳои давлатӣ, мактабҳо, волидайн ва роҳбарони ҷамоатҳо дар минтақаҳои интихобгардида бо мақсади пешниҳоди машғулиятҳои баъдидарсии мувофиқи шавқу завқ ва талаботҳои ҷавонон дар маҳалҳои ҷудогона амалӣ мегарданд. Машғулиятҳои мазкур барои беҳтар намудани рафтор ва муносибати нек дар ҷавонон равона шуда, ба онҳо барои бурдани фаъолияти бунёдкорӣ дар вақтҳои берун аз мактаб имконият фароҳам меоварад. Машғулиятҳо омӯзишҳои синфӣ оид ба баланд бардоштани малакаи рохбарӣ ва машғулиятҳои беруназсинфӣ ба монанди варзиш, драма ва санъатро дарбар мегиранд.
Барномаи ҷавонони пешсаф соли 2011 ҷиҳати мусоидат намудан ба худифодакунии ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа худ тавассути тарбия намудани малакаю маҳорати роҳбарӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва маҳорати ифтихорӣ пиёда гардидааст. Каунтерпарт Интернэшнл лоиҳаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва мақомотҳои давлатии маҳаллӣ амалӣ мекунад. Лоиҳа дар нўҳ ҷамоатҳои минтақаҳои интихобшуда фаъолият мекунад.
Лоиҳаи USAID “Барномаи ҷавонони пешсаф” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмаки мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе аз соли 1992 инҷониб тақрибан 984 милион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳо оид ба дастгирии амният, рушди институтҳои демократӣ, соҳаи иҷттимоӣ ва иқтисод дар Тоҷикистон сарф намудааст.



