ҲНИТ: Болоравии нархи барқ ба шароити имрӯзаи зиндагии мардум номуносиб аст

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки болоравии тарофаҳои нархи истифодаи барқ ба сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз 12- уми марти соли ҷорӣ вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, аз ҷумла тасмими ахири Ҳукумати Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки болоравии тарофаҳои нархи истифодаи барқ ба сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз 12- уми марти соли ҷорӣ вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, аз ҷумла тасмими ахири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баланд бардоштани нархи барқ баррасӣ намуда, қисме аз онро номуносиб ба шароити имрӯзаи зиндагии мардум, бахусус қишри камбизоати он арзёбӣ кард.

«Боло бурдани нархи истифодаи барқ барои аҳолӣ ба миқдори бештар аз 20%, ба вазъи бе ин ҳам душвори мардум таъсири манфӣ мерасонад ва ин боиси нигаронист. Шакке нест, ки анҷоми ислоҳот дар соҳаи мазкур гоҳо водор менамояд, ки дар нархи истифодаи барқ ҳам тағйирот ворид гардад. Вале, мақомот бояд сиёсати нархгузориро бо дарназардошти шароити мардум амалӣ намояд», – зикр мегардад дар изҳороти ҳизб.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сиёсии ҲНИТ чунин мешуморад, ки далел овардани тавсияи созмонҳои байналмилаллӣ дар боло бурдани нархи барқ канор рафтани мақомот аз масъулияти хеш назди мардуми Тоҷикистон аст.

«Дар ҳоле, ки тавсияҳои сершумори созмонҳои байналмилаллӣ дар бораи интихоботҳои шаффоф, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ислоҳоти сиёсӣ даҳсолаҳо боз бе таваҷҷӯҳ боқӣ мемонад, такя намудан ба чунин тавсияҳо чандон мантиқӣ нест», – омадааст дар изҳорот.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки ҳоло то ҷорӣ шудани ин тасмим фурсат ҳаст ва Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистонро мебояд қарори худро қисман тағйир дода, нархи истифодаи барқро ба аҳолӣ дар сатҳи аввал нигоҳ дорад. «Ҳамзамон, дар сиёсати истифодаи имтиёзноки барқ барои баъзе корхонаҳои саноатии бузург, ки барқро бо нархҳои пасттар аз аҳолӣ харидорӣ менамоянд, таҷдиди назар мебояд», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки

аз 1-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешаванд.

Арзиши як кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 11 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба тарофаҳои ҳозира ба ҳисоби миёна ба миқдори 20 дарсад бештар аст.

Бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали соли 2010 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.