Наврӯз зери манораи Эйфел ҷашн гирифта мешавад

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» 25-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Париж дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифта мешавад. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафорат ҳамчунин дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии «Наврӯз» 25-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Париж дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сафорат ҳамчунин дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, бо иштироки намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони бонуфузи доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ, илмӣ, воситаҳои ахбори умум, сафирон ва дипломатҳои сафоратҳои муқими шаҳри Брюссел санаи 21-уми марти соли 2012 дар қасри бошукӯҳи «Palais de Colonies» ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯзро таҷлил хоҳад кард.

Зикр гардид, ки сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯзро дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар шаҳри Брюссел дар толори миллии Сафорат рӯзи 24-уми марти соли равон низ ба нақша гирифтааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.