Сокини 25-солаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе бо 6 кило маводи мухаддир дастгир шуд.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, барои дастгир кардани гумонбаршуда дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷониби кормандони Агентӣ амалиёти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ тарҳрезӣ ва баргузор шуда, номбурда замоне дастгир шуд, ки ният дошт барои бори марговари худ харидор пайдо кунад.
«Кормандони оперативӣ дар вақти азназаргузаронии шахсӣ аз ӯ халтаи селофаниро пайдо ва мусодира карданд, ки дар дохилаш 5 бастаи маводи ҷигарранги китобчамонандро ҷойгир карда буд», – гуфтанд дар агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш мебошад.
Зикр гардид, ки тибқи иттилои тафтишот, дастгиршуда дорои маълумоти олӣ буда, оиладор аст ва қаблан суд нашудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 200, қ. 4, банди “г” КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дастгиршуда дар айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.



