АНМН: Мусодираи 6 кило маводи мухаддир дар пойтахт

Сокини 25-солаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе  бо 6 кило маводи мухаддир дастгир шуд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, барои дастгир кардани гумонбаршуда дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷониби кормандони Агентӣ амалиёти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ тарҳрезӣ ва баргузор шуда, номбурда замоне дастгир шуд, ки […]

ASIA-Plus


Сокини 25-солаи шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе  бо 6 кило маводи мухаддир дастгир шуд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, барои дастгир кардани гумонбаршуда дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷониби кормандони Агентӣ амалиёти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ тарҳрезӣ ва баргузор шуда, номбурда замоне дастгир шуд, ки ният дошт барои бори марговари худ харидор пайдо кунад.

«Кормандони оперативӣ дар вақти азназаргузаронии шахсӣ аз ӯ халтаи селофаниро пайдо ва мусодира карданд, ки дар дохилаш 5 бастаи маводи ҷигарранги китобчамонандро ҷойгир карда буд», – гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи ҳашиш мебошад.

Зикр гардид, ки тибқи иттилои тафтишот, дастгиршуда дорои маълумоти олӣ буда, оиладор аст ва қаблан суд нашудааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 200, қ. 4, банди “г” КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дастгиршуда дар айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...