Фурудгоҳи Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад

spot_imgspot_img

Дата:


Боришоти барфи зиёд ба фаъолияти фурудгоҳи пойтахт монеа эҷод накард.

Тавре сухангӯйи ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар бораи боришоти зиёди барф хадамоти техникии фурудгоҳ қаблан огоҳ карда шуда, тамоми техникаи зарурӣ ва реагентҳои зиддияхбандӣ пешакӣ аз ҷониби кормандони хадамоти заминии фурудгоҳ тайёр карда шуда буданд.

«Айни замон фурудгоҳ тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, оид ба парвоз ё фуруд омадани ҳавопаймоҳо ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад, – гуфт вай. – Шурӯъ аз соати 5-и субҳ тамоми парвозҳо мувофиқи реҷа анҷом дода мешаванд».

Қобили зикр аст, ки

субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин фурудгоҳ ба шаҳри Маскав

сафар кард.

Дар ҳамин ҳол,

боришоти барф ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахт

мушкилоти назаррас пеш овард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...