Даъвати раиси Хатлон бобати пайвастани мақомот ба Интернет

Date:


Дар иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз раисони шаҳру навоҳӣ даъват ба амал овард, ки бидуни таъхир дар шабакаи Интернет сомонаҳои худро боз намуда, почтаи электрониашонро ба қайд гузоранд.

«Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем ва ба Шумо магар шармовар нест, ки моро дар ВАО барои мавҷуд набудани сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд? Ин огоҳии охир ба ҳама аст ва ман ба Шумо супориш медиҳам, ки дар фурсати наздиктарин дар шабакаи Интернет сомонаҳои расмии худро боз намуда, дар ин бора журналистонро огоҳ намоед», – гуфт Афзалов дар иҷлосия.

Дар идома раиси вилоят изҳор кард, ки «имрӯз дар кишвар беш аз 2 млн. нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд ва дар сурати мавҷуд будани сомонаи расмӣ, онҳо метавонанд бо шумо бидуни мушкилӣ тамос гирифта, дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаатон маълумот ба даст оранд, ки ин ба нафъи худи шумост».

Ғайр аз ин, раиси вилоят супориш дод, ки тамоми сохторҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шабакаи Интернет васл карда шаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...