Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик лавозимот тақдим кард

Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА лавозимоти шахсиро  бо арзиши зиёда аз 115 000 доллари амрикоӣ иборат аз  лавозимоти шахсӣ барои ҳимоя,  либосҳои гарм ва лавозимоти размороӣ ба қувваҳои мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дастрас намуд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизотро зиёда аз 40 нафар кормандони қувваҳои махсуси мусаллаҳи […]

ASIA-Plus


Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА лавозимоти шахсиро  бо арзиши зиёда аз 115 000 доллари амрикоӣ иборат аз  лавозимоти шахсӣ барои ҳимоя,  либосҳои гарм ва лавозимоти размороӣ ба қувваҳои мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дастрас намуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизотро зиёда аз 40 нафар кормандони қувваҳои махсуси мусаллаҳи мобилии қушӯнҳои сарҳадӣ, ки таҳти омӯзиши устодони америкоӣ  оид ба усулҳои  алайҳи маводи мухаддир қарор гирифтанд, истифода хоҳанд кард. Ин таҷҳизот барои баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон равона шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ Кордони сафорати ИМА хонум Сэра Пенхюн иброз дошт: «Ҳукумати Амрико бо қушӯнҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани амнияти сарҳадӣ ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории зич дорад. Мо дар таъмин намудани амнияти сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон  ва ифротгарон мақсади муштарак дорем».

Номбурда ҳамчунин гуфт, ин таҷҳизот кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ифротгароӣ беҳтар мегардонад. Ин хайрия яке аз лоиҳаҳои кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳиТоҷикистон пешкаш гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.