Зери тарма мондани беш аз 20 сар қӯтос дар ноҳияи Айнӣ

Шабонарӯзи гузашта дар вилояти Суғд ду ҳодиса тармафаройӣ ба қайд гирифта шуд. Дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, нимаи рӯзи якшанбе дар қаламрави рустои Дарғи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ тарма фаромадааст. Бар асари он беш аз 20 сар қӯтос […]

Бахтиёр Валиев


Шабонарӯзи гузашта дар вилояти Суғд ду ҳодиса тармафаройӣ ба қайд гирифта шуд. Дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, нимаи рӯзи якшанбе дар қаламрави рустои Дарғи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ тарма фаромадааст. Бар асари он беш аз 20 сар қӯтос зери тарма монда, як қисмати роҳ хароб ва бошишгоҳи саҳроӣ осеб дидаанд. Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссияи махсуси ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ машғули кор аст.

Чанд соат қабл ба ситод дар бораи фаромадани тармаи дуюм хабар расид. Бино ба маълумоти то ҳанӯз носаҳеҳ, ин бор тармафароӣ дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, тарма ба манзили зисти чанде аз сокинони маҳаллӣ зарар расонидааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.

«Айни замон наҷотдиҳандагон ба ҷойи пешбинишудаи ҳодиса раҳсипоранд, то ки вазъи баамаломадаро дар ҷояш бисанҷанд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.