ҲУСДТ хостори тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба интихобот аст

Дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, масоили омодагӣ ба маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров хабар дод, дар ҷаласа таъкид гардид, ки бидуни тағйироти назаррас дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба интихобот, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, масоили омодагӣ ба маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров хабар дод, дар ҷаласа таъкид гардид, ки бидуни тағйироти назаррас дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба интихобот, андешаронӣ кардан роҷеъ ба иштироки аҳзоби сиёсӣ дар он ва баргузор кардани худи интихобот мувофиқи мақсад нест.

«Муддати чанд сол аст, ки мо дар бораи ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил гардидани намояндагони аҳзоби сиёсӣ, бақайдгирии номзадҳои худпешбаришуда ба мақоми президентӣ, ташкили асосҳои ҳуқуқӣ барои таъсиси эътилофҳои аҳзоби сиёсӣ оид ба пешбарӣ кардани номзади ягона ҳарф мезанем, лекин ба ҳеҷ ваҷҳ моро шуниданӣ нестанд», – таъкид кард раиси ҲУСДТ.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи вай, то маъракаи интихоботии президентии соли 2013 дар Тоҷикистон, ташкили механизмҳои назорати судии арзу шикояти воридшаванда дар ҷараёни он зарур аст, зеро пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 бинобар сабаби мавҷуд набудани чунин механизмҳо беш аз 100 шикояти ҲУСДТ бобати қонуншиканиҳо нодида гирифта шудаанд.

Р.Зойиров ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲУСДТ вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардида, зикр гардид, ки «бесалоҳиятии ҳукумати Тоҷикистон ба чунин вазъ мусоидат мекунад».

«Дар ҷаласа ҳамчунин масоили вазъи некӯаҳволии аҳолии кишвар дар робита ба болоравии арзиши нерӯи барқ аз 1-уми апрел ба андозаи 20%, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳамчунин ноуҳдабароии ҳукумати Тоҷикистон бобати гуфтушунид бо Русия дар масъалаи бекор кардани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ низ баррасӣ шуданд», – иброз дошт вай. – Ман аз он дар тааҷҷубам, ки ҳукумати Қирғизистон дар масъалаи таъминот бо маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба мувофиқа ноил гардид, вале ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала қадаме ба пеш намегузорад».

Раиси ҲУСДТ ҳамчунин гуфт, дар масъалаи протоколи ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами 32-20, ки бевосита ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аниқтараш барканор сохтани он аз ҷомеа дахл дорад, ҲУСДТ бетараф буда наметавонад, зеро чунин амал метавонад нисбат ба ҳама гуна ҳизби сиёсӣ пеш гирифта шавад.

«Дар баргузор намудани санҷиши прокурорӣ оид ба мавҷудияти чунин протокол ва фармони дахлдор ба ВКД зарурате нест. Танҳо мебояд рӯйхати асноди ҳукумати ҶТ ва ВКД-и Тоҷикистонро тартиб дод ва аз рӯйи натиҷаи он маълум хоҳад шуд, ки дарвоқеъ он протокол вуҷуд дошт ё он як сохтакорие буд», – афзуд Р.Зойиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.