Нақби «Шаҳристон» дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат ба истифода дода мешавад

Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола дар таърихи 27-уми июн доир мегардад, бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ маросими расмии ба истифода додани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, баргузории чорабиниҳои […]

Аваз Юлдошев


Соли равон дар остонаи таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола дар таърихи 27-уми июн доир мегардад, бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ маросими расмии ба истифода додани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод, баргузории чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ин ҷашн дар шаҳри Истаравшан ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар шаҳри Истаравшан сохтмони врзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбист. Ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст.

Номбурда таъкид кард, ки дар ноҳияҳои Айниву Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилоят корҳои омодагӣ барои ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ҷараён доранд.

Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.