Тоҷикон Наврӯзро дар Чехия ҷашн мегиранд

Date:


Имрӯз дар пойтахти Чехия – шаҳри Прага бори нахуст тоҷикистониён ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд, ки дар он ҳудуди 100 нафар тоҷикистониёни муқими кишварҳои ҳамсояи Олмон, Австрия ва Ҳолланд низ ширкат меварзанд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Чехия бо қароргоҳ дар шаҳри Берлин ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон дар Прага созмон дода шуда, дар он баҳри таҷлили ҷашн намояндагони диаспораи тоҷик дар Чехия гирдиҳам меоянд.

 Тавре дар иттилоияи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон дар Прага хабар дода мешавад, созмони мазкур чанде қабл таъсис ёфта, минбаъд дар муттаҳид кардани тоҷикистониён дар ин кишвар ва пешбурди манфиатҳои иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон дар Чехия ва бозорҳои дигари Аврупо саҳм хоҳад гирифт.

Бино ба маълумоти Шӯрои мазкур, айни замон тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар Чехия 102 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иқомат дошта, ҳудуди 50 нафари онҳо мақоми зисти доимӣ дар ин кишварро соҳиб гардидаанд ва боқимонда муваққатан ё ба таври будубоши дарозмуҳлат кору зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар доираи чорабинии мазкур намоиши идонаи ҳунармандони тоҷику форсзабон доир гардида, ҳамчунин баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related