Тоҷикон Наврӯзро дар Чехия ҷашн мегиранд

Имрӯз дар пойтахти Чехия – шаҳри Прага бори нахуст тоҷикистониён ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд, ки дар он ҳудуди 100 нафар тоҷикистониёни муқими кишварҳои ҳамсояи Олмон, Австрия ва Ҳолланд низ ширкат меварзанд. Чорабинии мазкур аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Чехия бо қароргоҳ дар шаҳри Берлин ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон дар Прага созмон дода шуда, дар он […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар пойтахти Чехия – шаҳри Прага бори нахуст тоҷикистониён ҷашни Наврӯзро таҷлил мекунанд, ки дар он ҳудуди 100 нафар тоҷикистониёни муқими кишварҳои ҳамсояи Олмон, Австрия ва Ҳолланд низ ширкат меварзанд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Чехия бо қароргоҳ дар шаҳри Берлин ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон дар Прага созмон дода шуда, дар он баҳри таҷлили ҷашн намояндагони диаспораи тоҷик дар Чехия гирдиҳам меоянд.

 Тавре дар иттилоияи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон дар Прага хабар дода мешавад, созмони мазкур чанде қабл таъсис ёфта, минбаъд дар муттаҳид кардани тоҷикистониён дар ин кишвар ва пешбурди манфиатҳои иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон дар Чехия ва бозорҳои дигари Аврупо саҳм хоҳад гирифт.

Бино ба маълумоти Шӯрои мазкур, айни замон тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар Чехия 102 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иқомат дошта, ҳудуди 50 нафари онҳо мақоми зисти доимӣ дар ин кишварро соҳиб гардидаанд ва боқимонда муваққатан ё ба таври будубоши дарозмуҳлат кору зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар доираи чорабинии мазкур намоиши идонаи ҳунармандони тоҷику форсзабон доир гардида, ҳамчунин баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...