ҲХДТ ва Фонди захиравии президент дар Кӯлоб тӯй барпо карданд

Date:


Чанде қабл дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Фонди захиравии президенти ҷумҳурӣ маросими тӯйи пуршукуҳи хатнасури 580 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва тӯйи арӯсии 13 нафар ҷавонон доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов хабар дод, як рӯз пештар аз ин маросим ба 100 нафар маъюбон аз оилаҳои камбизоат бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла як халтагӣ орд, 25 килогӣ биринҷ ёрӣ расонида шуда, ба 26 нафар маъюбон аробача ҷудо гардид.

Зимни суханронӣ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов изҳор кард, ки тӯли ин моҳ барои 4,5 ҳазор кӯдакон ва беш аз 400 ҷуфти ҷавонон чунин маросимҳо гузаронида шуданд.

Дар маросим муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров иштирок дошт. Ҳунармандон аз Душанбеву Кӯлоб, аз ҷумла Сурайё Қосимова ва Шабнами Сурайё хотири ҷамъомадагонро шод карданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...