ҲХДТ ва Фонди захиравии президент дар Кӯлоб тӯй барпо карданд

Чанде қабл дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Фонди захиравии президенти ҷумҳурӣ маросими тӯйи пуршукуҳи хатнасури 580 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва тӯйи арӯсии 13 нафар ҷавонон доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов хабар дод, як рӯз пештар аз ин маросим ба 100 нафар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Фонди захиравии президенти ҷумҳурӣ маросими тӯйи пуршукуҳи хатнасури 580 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва тӯйи арӯсии 13 нафар ҷавонон доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов хабар дод, як рӯз пештар аз ин маросим ба 100 нафар маъюбон аз оилаҳои камбизоат бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла як халтагӣ орд, 25 килогӣ биринҷ ёрӣ расонида шуда, ба 26 нафар маъюбон аробача ҷудо гардид.

Зимни суханронӣ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов изҳор кард, ки тӯли ин моҳ барои 4,5 ҳазор кӯдакон ва беш аз 400 ҷуфти ҷавонон чунин маросимҳо гузаронида шуданд.

Дар маросим муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров иштирок дошт. Ҳунармандон аз Душанбеву Кӯлоб, аз ҷумла Сурайё Қосимова ва Шабнами Сурайё хотири ҷамъомадагонро шод карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.