Чорабиниҳои USAID бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил

Date:


Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) як силсила чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории силро доир намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз он ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Чорабиниҳо  дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ, сохторҳои давлативу созмонҳои гайриҳукуматӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хӯҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб аз 24 март то 4 апрел гузаронида шудаанд.

Ҳангоми суханронӣ Ҷеффри Лерер, Роҳбари USAID дар Тоҷикистон, чунин қайд намуд: «ИМА омода аст ба Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди эпидемияи сил кӯмак расонад. Ҳар як шахс бояд бидонад, ки бемории сил дар он ҳолат табобатшаванда аст, ки бемор курси пурраи табобатиро қабул намояд. Ва моро ҳамчун ҷомеа мебояд, ки онҳоеро, ки мӯҳтоҷи табобатанд, дастгирӣ намоем ва барои қабул намудани табобати пурра шароит фароҳам оварем. Бемории сил мушкилоти умумӣ аст ва бар зидди он танҳо  дар якҷоягӣ  метавон мубориза бурд».

24 март хамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории сил эълон шуда буд, то ки аҳли ҷомеа огоҳ бошанд, ки дар бисёр гӯшаву канори ҷаҳон бемории сил ҳоло ҳам эпидемияи глобалӣ боқӣ мемонад ва ҳар сол 2 миллион одамро аз байн мебарад. Паҳншавии сил ва шакли ба доруворӣ мутобиқгаштаи он таҳдиди ҷиддӣ ба тандурустии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти омории Маркази миллии мубориза бар зидди бемории сил, соли 2011 дар Тоҷикистон 7906 ҳолати бемории сил ва аз ҳар 100 000 аҳолӣ 6,6 ҳолати фавт ба кайд гирифта шудаанд. Дар минтақаи аврупоие, ки бо фаъолияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ фарогир шудааст, ҳар нӯҳ дақиқа шахсе аз бемории сил мефавтад.

Мақсади асосии чорабиниҳои ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории сил бахшидашуда баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи сил, роҳҳои сироятшавӣ, аломатҳо ва табобати ин беморӣ аст. Дар доираи  чорабиниҳои мазкур озмунҳои саволу ҷавоб дар бораи бемории сил ва ВНМО  ва инчунин саҳначаҳои театрӣ баргузор шуданд. Духтури беҳтарини оилавӣ ва ҳамшираи шафқати беҳтарини шаҳри Вахдат бо тӯҳфаҳо қадр карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...