Муаррифии Гузориши навбатӣ оид ба вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Гузориши навбатӣ оид ба вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон дар соли 2011 баргузор шуд. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, Гузориш аз ҷониби Агентии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон таҳия гардида, бо се забон – тоҷикиву русӣ ва […]

Наргис Ҳамробоева


Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии Гузориши навбатӣ оид ба вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон дар соли 2011 баргузор шуд.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, Гузориш аз ҷониби Агентии мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон таҳия гардида, бо се забон – тоҷикиву русӣ ва англисӣ нашр шудааст.

Дар маросими муаррифӣ ва супурдани гузориш директори АНМН Рустам Назаров, роҳбари департаменти низомӣ-сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Алестер Ливингстон, роҳбарони воҳидҳои Агентӣ, ки аъзои ҳайати мушовараи таҳририя буданд ва кормандони масъули Дафтари САҲА иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур директори АНМН аз Дафтари САҲА барои ҳамкории пурсамар дар бахши мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумла дастгирии молиявӣ ҷиҳати нашри Гузоришҳо оид ба вазъи мухаддирот изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар навбати худ, Ливингстон итминон дод, ки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон минбаъд низ ҳамаҷониба Агентиро дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳадафи аслии таҳияи Гузориш пешниҳоди маълумоти фарогир ва ҳамаҷониба оид ба вазъи мубориза бо маводи мухаддир ва натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аст.

Қобили зикр аст, ки Гузориши мазкур ба сохторҳои давлатии кишвар, мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ИДМ, сафоратхонаву созмонҳои байнулмилалии муқими ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.