Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират

Имрӯз, 5-уми апрели соли ҷорӣ, дар бинои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳадамоти муҳоҷират баргузор мегардад. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Точикистон, рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Имрӯз, 5-уми апрели соли ҷорӣ, дар бинои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳадамоти муҳоҷират баргузор мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Точикистон, рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ ин баррасии иқдомҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иқдомҳои илмӣ ва идорӣ, ки ба ҳалли мушкилиҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ вобастагӣ доранд, хамчунин таъмин намудани ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, шарикони байналмилалӣ, истифодаи иқтидори онҳо барои баланд бардоштани самаранокии амалинамоӣ ва такмилдиҳии қонунҳои ҶТ дар соҳаи муҳоҷират, инчунин таҳияи пешниҳодот доир ба самтҳои асосии сиёсати давлат ва қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни нишаст муҳокимаи муштараки барномаҳои минтақавӣ, лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби доннорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузоришаванда, ки дар Осиёи марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд матраҳ хоҳад гашт.

Дар анҷоми мулоқот пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласа барои лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2013 ба тасвиб мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.