Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарики маҳаллӣ ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст“ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ доир ба хатарҳои нашъа ва пешниҳод намудани фаъолияти алтернативӣ барои хонандагон ҷиҳати пеш бурдани ҳаёти солим дар таърихи 8-уми апрели соли 2012 фестивали рақсро дар театри ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе баргузор намуданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур 120 нафар хонандагони шаш макотиби Душанбе аз синни 12 то 17-сола иштирок намуданд. Баъди хатми фестивал ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст” ба клубҳои рақс таҳҷизотро тӯҳфа кард. Мақолаҳо дар мавзӯи фаъолияти лоҳия ва проблемаи нашъа дар Тоҷикистон ба чоп расида, панҷ барнома тариқи радиои Ватан бо мақсади баланд бардоштани маълумот оид ба сӯйистеъмолкунии нашъа ва ташвиқ намудани фестивал, пахш гардиданд.
Мактаббачагони зиёд ҳамроҳи волидонашон ба тамошои фестивали мазкур омаданд. Дар маъракаи мазкур Муовини сафири Сафорати ИМА Сара Пенхьюн ширкат варзид. Ӯ намоиши кӯдаконро баланд қадрдонӣ намуда аз волидон даъват ба амал овард, то масъалаҳои мушкилро ба монанди истеъмоли нашъа бо фарзандонашон муҳокима намоянд.
Фестивали рақс қисми барномаи INL доир ба коҳиш додани талабот ба маводи нашъа дар солҳои 2011-2012 мебошад. Таҳти барномаи мазкур, INL зиёда аз 300,000 доллари амрикоиро ҳамчун грант ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки чаҳор вилоятҳои Тоҷикистонро дарбар мегирад, ҷудо намудааст.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад. Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА тақрибан 984 миллион долларро ба барномаҳое, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.



