Чорабинии сафорати ИМА дар мубориза алайҳи нашъамандӣ

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарики маҳаллӣ ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст“  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ доир ба хатарҳои  нашъа ва пешниҳод намудани фаъолияти алтернативӣ барои хонандагон ҷиҳати пеш бурдани ҳаёти солим  дар таърихи 8-уми апрели  соли 2012 фестивали рақсро дар театри  ба номи Маяковскии […]

ASIA-Plus


Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарики маҳаллӣ ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст“  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ доир ба хатарҳои  нашъа ва пешниҳод намудани фаъолияти алтернативӣ барои хонандагон ҷиҳати пеш бурдани ҳаёти солим  дар таърихи 8-уми апрели  соли 2012 фестивали рақсро дар театри  ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе баргузор намуданд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар фестивали мазкур 120 нафар хонандагони шаш макотиби Душанбе аз синни 12 то 17-сола  иштирок намуданд.  Баъди хатми фестивал ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст” ба клубҳои рақс таҳҷизотро тӯҳфа кард.  Мақолаҳо дар мавзӯи фаъолияти лоҳия ва проблемаи нашъа дар Тоҷикистон ба чоп расида, панҷ барнома тариқи радиои Ватан бо мақсади баланд бардоштани маълумот оид ба сӯйистеъмолкунии нашъа ва ташвиқ намудани фестивал, пахш гардиданд.

Мактаббачагони зиёд ҳамроҳи волидонашон ба тамошои фестивали мазкур омаданд. Дар маъракаи мазкур Муовини сафири Сафорати ИМА Сара Пенхьюн  ширкат варзид.  Ӯ намоиши кӯдаконро баланд қадрдонӣ намуда аз волидон даъват ба амал овард, то масъалаҳои мушкилро ба монанди истеъмоли нашъа бо фарзандонашон муҳокима намоянд. 

Фестивали рақс қисми барномаи INL доир ба коҳиш додани талабот ба маводи нашъа дар  солҳои 2011-2012 мебошад. Таҳти барномаи мазкур, INL зиёда аз 300,000 доллари амрикоиро ҳамчун грант ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки чаҳор вилоятҳои Тоҷикистонро дарбар мегирад, ҷудо намудааст.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад.  Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА тақрибан 984 миллион долларро ба барномаҳое, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.