Оғози сохтмони мактаби нав дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

Date:


Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Исфара  сафари корӣ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, сафари кории Раиси вилоят аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри  Исфара бо гузоштани  хишти аввали мактаби таҳсилоти умумӣ  барои 360 хонанда дар маҳаллаи Лангар   шурӯъ гардид.

Ба иттилои манбаъ, баъдан бо дуои пирони кор  Раиси вилоят дар маъракаи кишти картошка  ва шинонидани кӯчатҳои помидор иштирок намуд.

Зикр гардид, ки ҳамчунин  Раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони  мактаби таҳсилоти умумии №28 дар ҷамоати Чоркӯҳ боздид кард. Қоҳир Расулзода инчунин бо рафти омодагӣ ба мавсими нави  кор дар корхонаҳои коркарди меваву сабзавот ва  рафти корҳои ободонӣ дар боғи марказии  Исмоили Сомонии шаҳри Исфара  шинос шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...