Таҷрибаомӯзии як гурӯҳ кормандони АНМН дар Русия

Як гурӯҳ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми курси омӯзишӣ дар Донишгоҳи Шимолу ғарбии Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия ба Душанбе баргаштанд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар ин курс кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон низ иштирок доштанд. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми курси омӯзишӣ дар Донишгоҳи Шимолу ғарбии Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия ба Душанбе баргаштанд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар ин курс кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон низ иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар курси омӯзишӣ мавзӯъҳои дорои аҳамияти муштарак, аз ҷумла, баррасии қонунгузории ФР дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, муқоисаи қонуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Федератсияи Русия бо қонунҳои ҳамсон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Санк-Петербург, шиносоӣ бо сохторҳои  ХФНМН Русия, психологияи фаъолияти опеативӣ-ҷустуҷӯӣ, қайдҳои оперативӣ-иттилоотӣ, системаи байналмилалии назорати воситаҳои нашъадор, шеваҳои омодасозии навъҳои ҷудогонаи мухаддирот, криминалистика, истифодаи сагҳои хизматӣ дар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар анҷоми курс бо ширкати  кормандони Донишкада, Хадамоти федералии гумрук, ХФНМН Федератсияи Русия, АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзӯъи “Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Маркази байналмилалии пешгирии ҷинояткорӣ, Барномаи ХАС/197 Шӯрои Русия-НАТО оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар самти мубориза бо мумомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз соли 2006 то имрӯз 341 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дониши касбии худро такмил доданд. Аз ҷумлаи кормандони Агентӣ  зиёда аз 80 нафар дар курсҳои такмили ихтисоси Федератсияи Русия ва Туркия иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.