Суғд: Сабти 70 ҳодисаи худкушӣ дар соли равон

Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 67 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (соли 2011 – 54 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо 42 нафарашонро мардон (5 нафар ноболиғ) ва 25 нафари дигарро занон (4 нафар духтари ноболиғ) ташкил медиҳанд. Рӯзҳои аввали моҳи апрел дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз 3 ҳодисаи худкушӣ […]

Мавлуда Рафиева


Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 67 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (соли 2011 – 54 ҳодиса) ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо 42 нафарашонро мардон (5 нафар ноболиғ) ва 25 нафари дигарро занон (4 нафар духтари ноболиғ) ташкил медиҳанд.

Рӯзҳои аввали моҳи апрел дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз 3 ҳодисаи худкушӣ сабт гардид, ки ду нафари ба ин амал дастзада толибилмони синфҳои 9 ва 11 мебошанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон хонандаи синфи 11-уми мактаб-литсейи шаҳри Исфара А.И. дар оғили хонадонашон худро ба дор овехтааст. Дар ҷасади фавтида аломатҳои марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Ҳодисаи дуюм рӯзҳои истироҳат дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқуъ пайвастааст. Толибилмдухтари синфи нуҳум низ дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

Мақомоти прокуратураи маҳаллӣ ба  ошкор сохтани сабабҳои ба ин амал даст задани хонандагони макотиб машғуланд.

Ҳафтаи гузашта сокини 34-солаи шаҳри Табошар А.Х. низ тавассути худро ба дор кашидан бо ҳаёт падруд гуфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.