Посухи Дабири кулли СММ ба суолҳои корбарони шабакаи иҷтимоии Google+

Имрӯз соати 15:30 бо вақти Ню-Йорк (соати 00:30 бо вақти Душанбе) Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар реҷаи пахши мустақим ба суолҳои корбарони шабаакаи иҷтимоии Google+ посух мегӯяд. Бино ба маълумоти Маркази иттиллооти СММ, интизор меравад дар вохӯрии виртуалӣ ҷавонони қитъаҳои гуногуни сайёра ширкат хоҳанд варзид. Касоне, ки хоҳиши дар ин вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Имрӯз соати 15:30 бо вақти Ню-Йорк (соати 00:30 бо вақти Душанбе) Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар реҷаи пахши мустақим ба суолҳои корбарони шабаакаи иҷтимоии Google+ посух мегӯяд.

Бино ба маълумоти Маркази иттиллооти СММ, интизор меравад дар вохӯрии виртуалӣ ҷавонони қитъаҳои гуногуни сайёра ширкат хоҳанд варзид. Касоне, ки хоҳиши дар ин вохӯрӣ иштирок карданро доранд, метавонанд ба он тавассути пайвастан ба шабакаи иҷтимоии Google+ бо суроғаи un.org/social ҳамроҳ бишаванд.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, Пан Ги Мун бар ин назар аст, ки тамоми ҷавонони саросари дунё бояд барои дастрасӣ ба маълумот, дар тамос будан ва пешниҳоди ҳама гуна суолҳо имконият дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки 13-уми сентябри соли 2011 бори нахуст муколамаи мустақими Дабири кулли СММ бо шаҳрвандони дунё тавассути шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter, Weibo, Livestream и шабакаи Интернет-намоишиСММ доир гардид. Он замон ба Пан Ги Мун аз корбарони шабакаҳо беш аз 5,5 ҳазор суол ирсол гардида буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.