Нигаронӣ аз афзудани ҳодисаҳои сӯистифода аз шаҳодатномаи узвияти ИЖТ

Date:


Афзудани ҳодисаҳои сӯистифода аз шаҳодатномаи узвияти ИЖТ вақтҳои охир боиси ташвиш ва изтироби ҷиддии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардидааст.

Дар муроҷиатномаи Иттифоқи журналистон гуфта мешавад, баъзан аъзои Иттифоқ  шаҳодатномаи узвияти ташкилотро новобаста ба фаъолияти журналистӣ барои  ҳадафҳои шахсӣ истифода мебаранд, ки ин амал хилофи одобу низомномаи ИЖТ мебошад.

Шаҳодатномаи узвият  санадест, ки  мансубияти рӯзноманигорро ба ин Иттифоқи эҷодӣ тасдиқ карда, дар доираи  ҳуқуқ ва вазифаҳои дар оинномаи ташкилот зикр шуда, ба ӯ салоҳияти касбӣ медиҳад. Ҳамзамон таъкиди ин нукта низ зарур аст, ки ҳама гуна амалҳои вобаста ба рисолати рӯзноманигорӣ, аз ҷумла, омода кардани матолибу гузаронидани тадқиқоти журналистӣ бо супориши идораи васоити ахбори омма ва пешниҳоди шаҳодатномаи ҳамин ВАО сурат мегиранд. 

Раёсати ИЖТ аз ҳама аъзои ташкилот тақозо дорад, ки талаботу муқаррароти оинномаи Иттифоқро қотеъона риоя намуда, шаҳодатномаи узвиятро бидуни зарурати касбӣ истифода набаранд. Он нафароне, ки шаҳодатномаи узвиятро василаи ноилшавӣ ба нияту ғаразҳои шахсӣ пиндошта, бо амалҳои ношоистаашон  номи пуршарафи узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро доғдор менамоянд, аз ҳуқуқ ба ҳимояи ташкилот  маҳрум гардида, тибқи оинномаи ИЖТ барои содир намудани амалҳои мухолиф ба мақсаду вазифаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз узвият хориҷ карда мешаванд.

Дар баробари ин, ҳама аъзои  ИЖТ-ро зарур аст, ки бо мақсади дақиқ намудани шуғли асосӣ  ва мутобиқатии касбӣ то 1-июли соли ҷорӣ дар бораи  ҷои кори асосии худ ба Раёсати ИЖТ  маълумотнома  пешниҳод карда,  ҳаққи аъзогиро пурра пардохт намоянд.  Дар сурати риоя нагардидани  талаботи мазкур, Раёсат дар хусуси аз сафи ташкилот хориҷ намудани онҳо масъалагузорӣ хоҳад кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...