Нигаронӣ аз афзудани ҳодисаҳои сӯистифода аз шаҳодатномаи узвияти ИЖТ

Афзудани ҳодисаҳои сӯистифода аз шаҳодатномаи узвияти ИЖТ вақтҳои охир боиси ташвиш ва изтироби ҷиддии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардидааст. Дар муроҷиатномаи Иттифоқи журналистон гуфта мешавад, баъзан аъзои Иттифоқ  шаҳодатномаи узвияти ташкилотро новобаста ба фаъолияти журналистӣ барои  ҳадафҳои шахсӣ истифода мебаранд, ки ин амал хилофи одобу низомномаи ИЖТ мебошад. Шаҳодатномаи узвият  санадест, ки  мансубияти рӯзноманигорро ба […]

ASIA-Plus


Афзудани ҳодисаҳои сӯистифода аз шаҳодатномаи узвияти ИЖТ вақтҳои охир боиси ташвиш ва изтироби ҷиддии Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардидааст.

Дар муроҷиатномаи Иттифоқи журналистон гуфта мешавад, баъзан аъзои Иттифоқ  шаҳодатномаи узвияти ташкилотро новобаста ба фаъолияти журналистӣ барои  ҳадафҳои шахсӣ истифода мебаранд, ки ин амал хилофи одобу низомномаи ИЖТ мебошад.

Шаҳодатномаи узвият  санадест, ки  мансубияти рӯзноманигорро ба ин Иттифоқи эҷодӣ тасдиқ карда, дар доираи  ҳуқуқ ва вазифаҳои дар оинномаи ташкилот зикр шуда, ба ӯ салоҳияти касбӣ медиҳад. Ҳамзамон таъкиди ин нукта низ зарур аст, ки ҳама гуна амалҳои вобаста ба рисолати рӯзноманигорӣ, аз ҷумла, омода кардани матолибу гузаронидани тадқиқоти журналистӣ бо супориши идораи васоити ахбори омма ва пешниҳоди шаҳодатномаи ҳамин ВАО сурат мегиранд. 

Раёсати ИЖТ аз ҳама аъзои ташкилот тақозо дорад, ки талаботу муқаррароти оинномаи Иттифоқро қотеъона риоя намуда, шаҳодатномаи узвиятро бидуни зарурати касбӣ истифода набаранд. Он нафароне, ки шаҳодатномаи узвиятро василаи ноилшавӣ ба нияту ғаразҳои шахсӣ пиндошта, бо амалҳои ношоистаашон  номи пуршарафи узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро доғдор менамоянд, аз ҳуқуқ ба ҳимояи ташкилот  маҳрум гардида, тибқи оинномаи ИЖТ барои содир намудани амалҳои мухолиф ба мақсаду вазифаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз узвият хориҷ карда мешаванд.

Дар баробари ин, ҳама аъзои  ИЖТ-ро зарур аст, ки бо мақсади дақиқ намудани шуғли асосӣ  ва мутобиқатии касбӣ то 1-июли соли ҷорӣ дар бораи  ҷои кори асосии худ ба Раёсати ИЖТ  маълумотнома  пешниҳод карда,  ҳаққи аъзогиро пурра пардохт намоянд.  Дар сурати риоя нагардидани  талаботи мазкур, Раёсат дар хусуси аз сафи ташкилот хориҷ намудани онҳо масъалагузорӣ хоҳад кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.