Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Гросс ғолибони нахустин озмуни аксро дар саҳифаи Фейсбуки Сафорати Амрико эълон кард.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мавзӯи ин озмун «Муттаҳидкунии духтарон, илҳом бахшидан ба оянда» ба муносибати Рӯзи байналмиллалии Занон ва Моҳи миллии Занон бахшида шуда буд. Дар якҷоягӣ бо Сафорати Амрико озмуни мазкур аз ҷониби меҳмонхонаи “Серена” маблағгузорӣ гардида, ширкати Сомон Эйр онро дастгирӣ намуд.
Дар давоми моҳи март, иштирокчиён аксҳои худро, ки ифодакунандаи имкониятҳои духтарони Тоҷикистон мебошанд, пешкаш намудаанд. Беш аз 70 нафар дар озмун ширкат варзида, зиёда аз 100 аксро пешниҳод намуданд. Аъзои ҳакамони Сафорати ИМА ва меҳмонхонаи “Серена” аз миёни иштирокчиёни бомаҳорат чаҳор ғолибонро интихоб карданд.
Ҷои дуюмро Файзиддин Ниёзов бо акси “ Духтарони бомаърифат-гарави ҷомеаи тараққиёфта”, ҷои сеюмро Меҳрангез Баҳромӣ бо акси “Парвариши ишқ нисбати табиат аз хурдсолӣ” ва ҷои чорумро Вера Карнаухова бо акси “Давлати мо дар дасти мост” сазовор гаштанд.
Мукофоти асосиро ғолиби ин озмун Эркин Латипов бо акси “ Такони якҷоя, мақсади ягона!” ба даст овард. Эркин Латипов дар ин акс нерӯи духтарони футболбози тоҷикро инъикос намуда, имкониятҳои бузурги онҳоро бо мақсади саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ифода намудааст.
Эркин Латипов, ҳамчун ғолиби асосӣ, сазовори хӯроки нисфирӯзӣ барои чор нафар дар меҳмонхонаи “Серена” гашта, акси ӯ дар маҷаллаи Сомон Эйр In Flight Magazine дар моҳҳои наздик чоп мешавад.
Аксҳои беҳтарини озмун дар тӯли ин ҳафта дар гӯшаи Амрико ба намоиш гузошта мешаванд. Макони нави Гӯшаи Амрикои Душанбе дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ қарор дорад.


