Сафорати ИМА ғолибони нахустини озмуни аксро қадрдонӣ кард

Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Гросс ғолибони нахустин озмуни аксро дар саҳифаи Фейсбуки Сафорати Амрико эълон кард. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мавзӯи ин озмун «Муттаҳидкунии духтарон, илҳом бахшидан ба оянда» ба муносибати Рӯзи байналмиллалии Занон ва Моҳи миллии Занон бахшида шуда буд.  Дар якҷоягӣ бо Сафорати Амрико озмуни мазкур аз […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири ИМА дар Тоҷикистон Гросс ғолибони нахустин озмуни аксро дар саҳифаи Фейсбуки Сафорати Амрико эълон кард.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, мавзӯи ин озмун «Муттаҳидкунии духтарон, илҳом бахшидан ба оянда» ба муносибати Рӯзи байналмиллалии Занон ва Моҳи миллии Занон бахшида шуда буд.  Дар якҷоягӣ бо Сафорати Амрико озмуни мазкур аз ҷониби меҳмонхонаи “Серена” маблағгузорӣ гардида, ширкати Сомон Эйр онро дастгирӣ намуд.

Дар давоми моҳи март, иштирокчиён аксҳои худро, ки ифодакунандаи имкониятҳои духтарони Тоҷикистон мебошанд, пешкаш намудаанд. Беш аз 70 нафар дар озмун ширкат варзида, зиёда аз 100 аксро пешниҳод намуданд. Аъзои ҳакамони Сафорати ИМА ва меҳмонхонаи “Серена” аз миёни иштирокчиёни бомаҳорат чаҳор ғолибонро интихоб карданд.   

Ҷои дуюмро Файзиддин Ниёзов бо акси “ Духтарони бомаърифат-гарави ҷомеаи тараққиёфта”, ҷои сеюмро Меҳрангез Баҳромӣ бо акси “Парвариши ишқ нисбати табиат аз хурдсолӣ” ва ҷои чорумро Вера Карнаухова бо акси “Давлати мо дар дасти мост” сазовор гаштанд.

Мукофоти асосиро ғолиби ин озмун Эркин Латипов бо акси “ Такони якҷоя, мақсади ягона!” ба даст овард. Эркин Латипов дар ин акс нерӯи духтарони футболбози тоҷикро инъикос намуда, имкониятҳои бузурги онҳоро бо мақсади саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ифода намудааст.

Эркин Латипов, ҳамчун ғолиби асосӣ, сазовори хӯроки нисфирӯзӣ барои чор нафар дар меҳмонхонаи “Серена” гашта, акси ӯ дар маҷаллаи Сомон Эйр In Flight Magazine дар моҳҳои наздик чоп мешавад.

Аксҳои беҳтарини озмун дар тӯли ин ҳафта дар гӯшаи Амрико ба намоиш гузошта мешаванд.  Макони нави Гӯшаи Амрикои Душанбе дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.