Ҳалокати як зани 34-сола бар асари сел дар ҷануби ҷумҳурӣ

Date:


Бар асари омадани сел сокини 34-солаи деҳоти Хонатароши ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Моҳшариф Каримова ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, деҳаҳои Хонатарош ва Кулчашма бештар аз сел хисорот бардоштаанд.

«Чун анъана мо омадани селро дар дараи Лангар интизорӣ доштем ва тавассути ҳашар 5 садди зиддиселӣ низ сохтем, вале сел аз канори дигари ноҳияи – деҳаи Хонатарош омад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, солҳои пеш пас аз боронҳо обхезӣ шуда, селовард тавассути канали маркази деҳот равона мешуд, вале имсол об аз куҳ сангпораҳоро ба поин оварда, боиси вайрониҳои зиёд шудааст.

Дар мачмуъ дар зарфи ду рӯз аз сел 26 маҳаллаҳои аҳолинишин зарар дида, 33 километр роҳҳои дохилии асфалтпӯш, то 1 километр шабакаи таъминоти об ва беш аз 10 пулҳо осеб дидаанд.

Сел ҳамчунин 140 гектар заминҳои кишти ғалладонаву сабзавот ва картошкаро шуста, аҳолӣ аз беш аз 100 сар чорвои калони шохдор ва заминҳои обчакорӣ маҳрум шудааст.

Маъмурияти ноҳия ба осебдидагон бо орду равған ва шакар кӯмак кард. Кӯмак минбаъд низ расонида мешавад.

Ба қавли П.Зарифов, корҳои барқароркунӣ оғоз гардида, алҳол аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад. «Баҳри кӯмак аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 1 адад техникаи махсус ва 1 тонна сӯзишвории дизелӣ фиристода шуда, кӯмаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар роҳ аст», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...