Ҳалокати як зани 34-сола бар асари сел дар ҷануби ҷумҳурӣ

Бар асари омадани сел сокини 34-солаи деҳоти Хонатароши ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Моҳшариф Каримова ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, деҳаҳои Хонатарош ва Кулчашма бештар аз сел хисорот бардоштаанд. «Чун анъана мо омадани селро дар дараи Лангар интизорӣ доштем ва тавассути ҳашар 5 садди зиддиселӣ низ сохтем, […]

Турко Дикаев


Бар асари омадани сел сокини 34-солаи деҳоти Хонатароши ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Моҳшариф Каримова ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, деҳаҳои Хонатарош ва Кулчашма бештар аз сел хисорот бардоштаанд.

«Чун анъана мо омадани селро дар дараи Лангар интизорӣ доштем ва тавассути ҳашар 5 садди зиддиселӣ низ сохтем, вале сел аз канори дигари ноҳияи – деҳаи Хонатарош омад», – гуфт вай.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, солҳои пеш пас аз боронҳо обхезӣ шуда, селовард тавассути канали маркази деҳот равона мешуд, вале имсол об аз куҳ сангпораҳоро ба поин оварда, боиси вайрониҳои зиёд шудааст.

Дар мачмуъ дар зарфи ду рӯз аз сел 26 маҳаллаҳои аҳолинишин зарар дида, 33 километр роҳҳои дохилии асфалтпӯш, то 1 километр шабакаи таъминоти об ва беш аз 10 пулҳо осеб дидаанд.

Сел ҳамчунин 140 гектар заминҳои кишти ғалладонаву сабзавот ва картошкаро шуста, аҳолӣ аз беш аз 100 сар чорвои калони шохдор ва заминҳои обчакорӣ маҳрум шудааст.

Маъмурияти ноҳия ба осебдидагон бо орду равған ва шакар кӯмак кард. Кӯмак минбаъд низ расонида мешавад.

Ба қавли П.Зарифов, корҳои барқароркунӣ оғоз гардида, алҳол аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад. «Баҳри кӯмак аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 1 адад техникаи махсус ва 1 тонна сӯзишвории дизелӣ фиристода шуда, кӯмаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар роҳ аст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.