Дар Панҷакент сел ҷони як чӯпони 20-соларо рабуд

Date:


Дар ноҳияи Панҷакент як чӯпони 20-сола ҳангоми кӯшиши наҷоти чорво аз сел ба ҳалокат расид.

Тавре аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон бар асари боришоти зиёд дар ҷамоати Косатароши ноҳия сел фаромада, 10 сар чорвои калони шхдор ва 55 сар чорвои майда қурбони он шуданд.

«Сокини 20-солаи ҳамин ҷамоат Ҷовид Хӯҷамов ҳангоми чаронидани чорво наздикии деҳаи Ҷонбулоқ кӯшиш кардааст, ки чорворо аз сел наҷот диҳад, вале худ зери мавҷи сел монда ба ҳалокат расидааст, – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади фавтида дар мавзеи Сойи Қубур дарёфт шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...