Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират

Тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар таърихи 26-27-уми апрели соли равон як ҳайати баландпояи Давлати Қатар ҷиҳати баррасии лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни ин […]

ASIA-Plus


Тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар таърихи 26-27-уми апрели соли равон як ҳайати баландпояи Давлати Қатар ҷиҳати баррасии лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни ин сафар лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ», ки Хадамоти муҳоҷират онро таҳия намудааст, мавриди баррасӣ ва мувофиқаи Тарафҳо қарор хоҳад гирифт.

 Ба иттилои манбаъ, инчунин  дар ҷараёни ин сафар дар назар аст, ки ҳайати давлати Қатар аз маконҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон дидан намоянд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар (қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов бо вазири корҳои дохилии Қатар Абдулло ибн Носир Халифа Ал Танӣ дар Доҳа масоили ташкили муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуда буданд.

Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба содакунии тартиби гирифтани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон аслан Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳои собиқ шӯравиро барои муҳоҷирати корӣ ихтиёр мекунанд.

Тибқи баъзе маълумот, феълан шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.