Муколамаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон

Date:


Имрӯз дар Маҷмааи Давлатии « Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии доимии офиси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муколама оид ба ҳуқуқи инсон оғоз шуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, мавзӯи асосии ин нишаст муҳокимаи масоили муҳим дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи зан ва хушунат, ҳукми қатл, азобу шиканҷа, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни муколама суханронии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаевдар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо» дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related