Ҷонибдории бурси БОР барои сохтмони роҳи Душанбе-марзи Ӯзбекистон

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистонро маъқул шуморид. Созинома дар бораи пешниҳоди бурс моҳи январи соли гузашта ба имзо расида, мутобиқи он, БОР барои татбиқи ин лоиҳа ба Тоҷикистон 120 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Зимни шарҳи масъалаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи бурсӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) оид ба лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистонро маъқул шуморид.

Созинома дар бораи пешниҳоди бурс моҳи январи соли гузашта ба имзо расида, мутобиқи он, БОР барои татбиқи ин лоиҳа ба Тоҷикистон 120 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Зимни шарҳи масъалаи мазкур ба вакилон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки барои азнавсозиву беҳбуди роҳи мошингарди мазкур 186 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

«Дар баробари маблағҳои БОР ҳукумати Тоҷикистон низ баҳри татбиқи ин лоиҳа 39 млн. доллари ИМА маблағ ихтисос дода, дар робита ба масъалаи дарёфти маблағи боқимонда дар ҳаҷми боз 27 млн. доллари ИМА бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо гуфтушунид анҷом дода шуда, ояндаи наздик аз имзои созишномаи қарзӣ бо ин бонк барои ҷалби маблағ ба ин лоиҳа интизорӣ меравад», – иброз дошт вазири молия.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.