ҲХДТ ба иллати камбуди маблағ ташкили радиоро мавқуф гузошт

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба иллати камбуди маблағ ифтитоҳи шабакаи мустақили радиои ҳизбиро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт. Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта раиси ҳизб, президенти Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҷиҳати боз кардани шабакаи радиои ҳизбӣ супориш дода буд. Дар робита ба ин масъала мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба иллати камбуди маблағ ифтитоҳи шабакаи мустақили радиои ҳизбиро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта раиси ҳизб, президенти Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҷиҳати боз кардани шабакаи радиои ҳизбӣ супориш дода буд.

Дар робита ба ин масъала мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, мутахассиосн ҳатто маблағи хароҷоти ифтитоҳи шабакаи радиои мустақилро ҳисобу китоб накарданд, зеро фаҳмиданд, ки маблағҳои ҳизб барои ин кор нокофӣ аст.

«Айни замон ба буҷети ҳизб аз ҳисоби фурӯши нашрияи ҳизбӣ – ҳафтавори «Минбари халқ» маблағ ворид мегардад, ки бо теъдоди аз ҳама бештар дар Тоҷикистон – 45 ҳазор нусха ба чоп мерасад. Феълан буҷети ҳизб зиёда аз 2 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт вай.

Ба суоли ба куҷо ворид шудан ва бо кадом мақсад истифода шудани маблағи ҳаққулузвият номбурда гуфт, ин маблағҳои аъзои ҳизб дар ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ боқӣ монда, барои ташкили кору фаъолияти онҳо масраф мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ иттилоъ дода буд, ки ояндаи наздик ҳизб радио ташкил менамояд. Зикр гардида буд, ки дар ибтидои фаъолият радиои ҲХДТ барои шаҳри Душанбе ва манотиқи наздимарзии кишвар барномаҳо таҳия хоҳад кард. Гуфта мешуд, барномаҳое, ки дар радиои ҲХДТ  таҳия ва пахш мегарданд,  гуногун буда, мавзӯъҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатиро дар бар хоҳанд гирифт ва аз фаъолияти густурдаи ҳизб дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва навигарию рӯйдодҳои ҷумҳурӣ  хабару гузоришҳо омода мегарданд.

Дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо радиои мустақили ҳизбӣ надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.