Густариши шабакаи филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк»

Чанде қабл дар ноҳияи Ҳамадонӣ филиали нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба фаъолият оғоз намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, дар маросими тантанавии ифтитоҳи филиал намояндагони роҳбарияти Бонк ва ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки таъсиси филиал барои мардуми ноҳия имкониятҳои бештари истифода аз хизматрасониҳои муосири бонкиро фароҳам меорад.  Бинои филиал дорои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ноҳияи Ҳамадонӣ филиали нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти бонки мазкур хабар доданд, дар маросими тантанавии ифтитоҳи филиал намояндагони роҳбарияти Бонк ва ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки таъсиси филиал барои мардуми ноҳия имкониятҳои бештари истифода аз хизматрасониҳои муосири бонкиро фароҳам меорад.

 Бинои филиал дорои тамоми шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти бонкӣ буда, бо услуби хосаи «Тоҷиксодиротбонк» ороиш ёфтааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани  филиал барои 35 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд.

Ҳамчунин чанде пештар дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бинои нави филиали амалкунандаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди истифода қарор гирифт.

Айни замон дар саросари кишвар 65 филиал ва як филиалӣ мобилии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» фаъолият дорад. Ояндаи наздик дар ноҳияҳои Ховалингу Шӯрообод ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияи Рашт ва ҳамчунин ноҳияҳои Ишкошиму Шуғнон ва Роштқалъаи ВМКБ кушодани филиалҳои бонк ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.