Пуштибонии Бутан аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили об

Чанде қабл мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо фиристодаи махсуси нахуствазир Шоҳигарии Бутан Лёнпо Кинзанг Дорчи баргузор шуд. Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Лёнпо Кинзанг Дорчи номаи шодбошии Сарвазири Шоҳигарии Бутанро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов расонида, изҳор дошт, ки кишвараш хостори ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо фиристодаи махсуси нахуствазир Шоҳигарии Бутан Лёнпо Кинзанг Дорчи баргузор шуд.

Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Лёнпо Кинзанг Дорчи номаи шодбошии Сарвазири Шоҳигарии Бутанро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов расонида, изҳор дошт, ки кишвараш хостори ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад .

Таъкид шуд, ки Шоҳигарии Бутан ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор буда, захираҳои бойи гидроэнергетикӣ дорад ва рушди иқтисодии он асосан аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ва туризми кӯҳӣ таъмин карда мешавад.

Оқил Оқилов изҳор дошт, ки ҳар ду давлат бо назардошти имконоту захираҳои монанд метавонанд дар оянда дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гарданд.

Шоҳигарии Бутан аз ташаббусҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва идораи захираҳои обӣ ҳамеша пуштибонӣ менамояд ва ин ташаббусҳоро аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти марбут ба об дар саросари ҷаҳон медонад, таъкид кард фиристодаи махсуси Сарвазири Шоҳигарии Бутан.

Дар мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои пуштибонии мавқеи ҳамдигар дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза ва ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.