Баррасии парвандаи «Мовароуннаҳр» идома меёбад

Комиссияи ташхиси судиву равонӣ роҳбари 53-солаи ширкати «Моароуннаҳр» Ҷӯрабек Охуновро комилан солим эътироф карда, дар ин хусус ба Суди олии Тоҷикистон хулосаи тиббии дахлдор ирсол намуд. Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи Охунов имрӯз, 26-уми апрел доир мегардад. Амммо адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов хулосаи тиббиро зери шубаҳа гузошта, мутмаин аст, ки Охунов то ҳанӯз […]

Наргис Ҳамробоева


Комиссияи ташхиси судиву равонӣ роҳбари 53-солаи ширкати «Моароуннаҳр» Ҷӯрабек Охуновро комилан солим эътироф карда, дар ин хусус ба Суди олии Тоҷикистон хулосаи тиббии дахлдор ирсол намуд. Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи Охунов имрӯз, 26-уми апрел доир мегардад.

Амммо адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов хулосаи тиббиро зери шубаҳа гузошта, мутмаин аст, ки Охунов то ҳанӯз рӯҳан бемору носолим аст.

«Бори охир ман бо зерҳимояи худ рӯзи 25-уми апрел вохӯрдам ва ҳеҷ беҳбудие дар вазъи саломатии ӯ мушоҳида накардам. Барқарор кардани мурофиаи судӣ бо шахси рӯҳан бемор ба меъёри қонунгузории ҷиноятии мурофиавӣ мухолиф аст», – гуфт вай.

Баъди шиносоии дақиқ бо хулосаи тиббӣ адвокати судшаванда аз болои он шикоят бурда, қабл аз идомаи мурофиа ба комилан солим гардидани зерҳимояаш талош варзиданист.

«Ман боварӣ дорам, ки судя ҳам пас аз дидани вазъи саломатии Охунов ба хулосаи тиббӣ шубҳа оварда, судшавандаро ба идомаи муолиҷа мефиристад», – зикр кард Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон вазъи рӯҳии раиси 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабаек Охунов, ки мурофиаи судӣ нисбаташ идома дошт, якбора бад шуд. Ӯ барои муолиҷа ба дармонгоҳи табобати бемориҳои равонӣ фиристода шуд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷӯрабек Охунов дар содир намудани ҷиноёти қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд, азхудкунии воситаҳо, соҳибкории ғайриқонунӣ ва расонидани зарари молӣ тавассути фиреб ва суистеъмол аз боварӣ айбдор карда мешавад.

Чанде қабл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуда буд, ки Прокуратураи генералӣ ба гузаронидани санҷиши такрории фаъолияти молиявӣ-хоҷагии ширкат дастур додааст, зеро санҷиши қаблӣ танҳо солҳои 2007-2010-ро фаро мегирифт.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Муфатттишон ҳамеша далелҳои нав пайдо мекарданд, ки сипас он ба як истеҳсолот муттаҳид карда шуд. Масалан, далели азхудкунии 2,8 млн. сомонӣ маблағе, ки аз «Тоҷиксуғурта» барои сохтмони идораҳои зертобеъ дар ноҳияҳо гирифта шуда буд, муайян карда шуд. «Ин маблағҳоро раиси ширкат ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст ва он дар ҷараёни санҷиш исбот гардид», – гуфта буд муовини аввали прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев.

Ғайр аз ин, ба қавли Муҳаммадиев, ширкат ҳамчунин 7,4 млн. сомонӣ маблағи Бонки исломиро, ки барои маркази солимӣ дар ноҳияи Данғара ҷудо шуда буд, азхуд кардааст.

Аммо адвокати судшаванда Шӯҳрат Қудратов мӯътақид аст, ки мутобиқи қарордодҳои баимзорасида миёни ҷонибҳо, биноҳои «Тоҷиксуғурта» бояд ахири соли 2010 мавриди истифода қарор мегирифтанд, вале Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар маҳбас қарор дорад ва аз он замон фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» қатъ гардида, аз ин рӯ, иншооти мазкур ба истифода дода нашуданд.

«Сохтмони иншоот то ҳабси Охунов мувофиқи реҷаи муқаррашуда сурат гирифта буданд ва корҳои сохтмонӣ қисман ба анҷом расонида шудаанд. Ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмон харида шудааст, ки айни замон дар анборҳои ширкат нигаҳдорӣ мешаванд», – изҳор дошта буд Қудратов.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.