Баррасии муносибатҳои шариконаи Тоҷикистону Русия дар Душанбе

Имрӯз дар Маркази русиягии илму фарҳанг дар Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Русия конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Тавре аз маркази мазкур хабар доданд, конфронс аз ҷониби сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии ташкилоти ҳамкории Русия дар ҶТ, ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Русия» ва ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» созмон дода […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Маркази русиягии илму фарҳанг дар Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Русия конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад.

Тавре аз маркази мазкур хабар доданд, конфронс аз ҷониби сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии ташкилоти ҳамкории Русия дар ҶТ, ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Русия» ва ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» созмон дода шудааст.

Конфронс бо мақсади баррасии масоили муҳими рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикона дар марҳилаи кунунӣ баргузор мешавад. Дар ҷараёни кори конфронс ҳамчунин масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ ва мушкилоту дурнамои ҳамкории иқтисодӣ дар марҳилаи кунунӣ низ баррасӣ мешаванд.

Дар кори конфронс иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷамъиятӣ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми апрели соли 1992 миёни Тоҷикистону Русия муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.