Тавофуқи кишварҳои Аврупо ва ОМ бобати муборизаи муштарак алайҳи гуруснагӣ

Дар Конфронси 37-уми байналмилалии Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар шаҳри Боку уҳдадориҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахши дастгирии соҳаи кишоварзӣ якдилона тасдиқ шуда, перомуни муборизаи муштарак алайҳи гуруснагӣ тавофуқ ҳосил шуд. Зимни суханронӣ дар конфронс президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуруснагиро «яке аз мушкилоти мудҳиши асри 21» арзёбӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Конфронси 37-уми байналмилалии Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Миёна дар шаҳри Боку уҳдадориҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахши дастгирии соҳаи кишоварзӣ якдилона тасдиқ шуда, перомуни муборизаи муштарак алайҳи гуруснагӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Зимни суханронӣ дар конфронс президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуруснагиро «яке аз мушкилоти мудҳиши асри 21» арзёбӣ карда, изҳор кард, ки баҳри мубориза бо он мебояд тамоми имконоти мавҷударо сафарбар намуд.

Мудири кулли Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) Гратсиану да Силва зикр кард, ки «ҷанг алайҳи гуруснагӣ муборизаест, ки дар он мо бояд ҳамроҳ набард намоем».

Бино ба маълумоти ФАО, дар конфронс масоили мушкилоти дастрасӣ ба ғизо ва рушди бахши кишоварзӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасии ҳамаҷниба қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар кори конфронси мазкур беш аз 300 нафар вакилон аз 46 кишварҳои минтақа ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар конфронс вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов намояндагӣ кард. Дар ҳошияи кори конфронс вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо роҳбари ин ташкилот Гратсиану да Силва баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат Қ. Қосимов мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи татбиқи ботадриҷи ислоҳоти аграрӣ, ки бо принсипҳои ФАО ҳамоҳанганд, таъкид намуда, изҳор кард, ки Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор барои Рушд ва миёнаравии ФАО ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли се соли охир Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Тоҷикистонро таҳия намудааст, ки стратегияи рушди соҳаи кишоварзиро барои даҳсолаҳо муайян мекунад.

Дар навбати худ Грастсиану да Силва аз мавқеи пайгиронаи Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти аграрӣ пазироӣ намуда, ваъда дод, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои олии ин ташкилот дар Рим, пойтахти Итолиё баррасӣ хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...