Сабти 95 нафар афвшудагон дар бозори меҳнати Кӯлоб

Дар ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб 203 ҷойи корӣ пешниҳод шуд. Бино ба гуфтаи сардори Раёсати хадамоти шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб Махфират Каримова, корхонаҳои хурди саноатӣ ба 34 нафар, ташкилотҳои сохтмон ба 21 коргари соҳибтахассус ниёз дошта, дигар ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби мақомоти бахши маориф, тандурустӣ ва фарҳанг […]

Турко Дикаев


Дар ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб 203 ҷойи корӣ пешниҳод шуд.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати хадамоти шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб Махфират Каримова, корхонаҳои хурди саноатӣ ба 34 нафар, ташкилотҳои сохтмон ба 21 коргари соҳибтахассус ниёз дошта, дигар ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби мақомоти бахши маориф, тандурустӣ ва фарҳанг пешниҳод гардиданд.

М.Каримов мегӯяд, феълан дар шаҳри Кӯлоб 147 нафар бекорон кӯмакпулӣ мегиранд, ки 95 нафарашон чанде қабл мавриди афв қарор гирифта, аз маҳбас озод шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Сайдаҳмад Пиров хабар дод, соли равон дар 10 ноҳияи минтақа барои гирифтани мақоми бекор 6331 нафар муроҷиат карда, аз ин шумор 941 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 1089 нафар мақоми расмии бекор бо пардохти кӯмакпулиро соҳиб шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...