Тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар таърихи 26-27-уми апрели соли равон як ҳайати баландпояи Давлати Қатар ҷиҳати баррасии лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни ин сафар лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Давлати Қатар оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ», ки Хадамоти муҳоҷират онро таҳия намудааст, мавриди баррасӣ ва мувофиқаи Тарафҳо қарор хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ҷараёни ин сафар дар назар аст, ки ҳайати давлати Қатар аз маконҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон дидан намоянд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Қатар (қароргоҳ дар Исломобод) Зубайдулло Зубайдов бо вазири корҳои дохилии Қатар Абдулло ибн Носир Халифа Ал Танӣ дар Доҳа масоили ташкили муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуда буданд.
Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба содакунии тартиби гирифтани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.
Дар ҳамин ҳол, айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон аслан Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳои собиқ шӯравиро барои муҳоҷирати корӣ ихтиёр мекунанд.
Тибқи баъзе маълумот, феълан шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад.


