Оғози фаъолияти «Тоҷиксемент» пас аз таваққуфи якмоҳа

Date:


Корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ – «Тоҷиксемент» пас аз таваққуфи якмоҳа дубора ба фаъолият оғоз кард.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон кор дар ду баст ташкил гардида, ба корхона дар як соат 6 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешавад, ки барои кори танҳо як оташдон кофӣ аст.

«Бо ин миқдор гази табиӣ корхона дар як шабонарӯз 600 тонна семент истеҳсол карда метавонад», – афзуданд дар хадамоти матбуоти вазорат.

Ёдрас мекунем, ки шуруъ аз 1-уми апрел Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард, ки ин ба қатъи фаъолияти корхона боис гардида буд, зеро «Тоҷиксемент» ба сифати сӯзишворӣ маҳз гази табииро истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбеи ҳафтаи равон байни ҶСК «Тоҷиксемент» ва ширкати «Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар он кӯмаки ҷониби Чин ҷиҳати ба истифодаи ангишт гузаронидани корхонаи «Тоҷиксемент» пешбинӣ мешавад.

Баъди боздид аз ҶСК «Тоҷиксемент», омӯзиши хатҳои технологии он ва гирифтани ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, мутахассисони чинӣ асосноккунии техникӣ-иқтисодиро доир ба масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхона таҳия ва пешниҳод хоҳанд намуд.

Қаблан, ахири даҳаи аввали ҳамин моҳ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати дигари ЧИН – ТВЕА мулоқот ороста, ба онҳо низ ҳамкорӣ дар масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаи «Тоҷиксемент»-ро пешниҳод карда буд. Он замон намояндагони Чин баррасии имконоти ҳамкорӣ оид ба ин масъаларо ваъда карданд.

ҶСК «Тоҷиксемент» корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳсулоти корхона асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо  истифода мешаванд.

Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...